Раиси Маҷлиси намояндагон: Мексика шарики боэътимоди Тоҷикистон аст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳу чораҳои густаришу жарфиши равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Мексика дар дидори раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва сафири нави Мексика дар Душанбе Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Маҷлиси қонунгузори ҶТ, Шукурҷон Зуҳуров дар ин дидор Мексикаро шарики боэътимоди Тоҷикистон хондааст.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон Штатҳои Муттаҳидаи Мексикаро дар қитъаи Америка яке аз шарикони боэътимод меҳисобад. Бинобар пешрафти назаррас ва афзоиши нақшу эътибори байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, баҳрабардорӣ аз ҳамкориҳои самарабахш бо Мексика ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад", — гуфтааст Зуҳуров.

Вай бар зарурати имзои "Созишномаи парҳез аз молиётбандии дубора ва пешгирӣ аз саркашӣ аз пардохти молиёт бар даромад ва сармоя", "Созишномаи ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ" бо Мексика таъкид карда то заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоя ва соҳибкорон аз Мексика фароҳам шавад.

Шукурҷон Зуҳуров, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Салоҳиддин Раббонӣ: энергетика, роҳ ва коммуникатсия

Раиси Маҷлиси намояндагон аз давлати Мексика барои пуштибонӣ аз ибтикороти Тоҷикистон дар масъалаи баҳрабардорӣ аз об сипосгузорӣ карда ва хостори густаришу жарфиши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф, энержии тоза, санъати истихроҷи маъдан, фанновариҳои навин шуд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хостори роҳандозии гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ду кишвар шуд.

Сафири нави Мексика дар Тоҷикистон Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена низ бар тамоюли Мехико ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Душанбе таъкид кард.

"Ҳар ду кишвар дар ҳошияи узвият дар Созмони милали муттаҳид муколамаи судмандро ба роҳ мондаанд. Мо метавонем дар оянда дар соҳаи тағйирёбии иқлим, об, рӯшди устувор, танзими муҳоҷират, ки  дорои зарфият ва иқтидори бузург мебошанд, ҳамкориҳо дошта бошем", — гуфт вай.

Дар ин дидор ҳамчунин изҳори бовари карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Мексика дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0