ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik.Шукурҷон Зуҳуров ва Салоҳиддин Раббонӣ дар дар рафти мулоқот масоили гуногуни фарогирандам муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷурахон Маҷидзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Бадриддин Садриддинов, Муҳаббатшо Рузадор, Асозода Хайрулло ва Абдуалим Ғаффоров иштирок доштанд.
Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари Афғонистон аст ва ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густариши ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ин ду ҷумҳурӣ дар доираи 80 санади ҳуқуқӣ ҳамкорӣ доранд.
Шукурҷон Зуҳуров дар рафти суханронии хеш аз собиқ пешвоёни кишвари афғон- Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуд, ки дар даврони вазъиятҳои мушкили сиёсии Тоҷикистон кӯмак кардаанд.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.
Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтушунид ба роҳ монда шуд.
"То кунун шаш пули калон Тоҷикистонро бо давлати ҳамсоя Афғонистон мепайвандад, ки онҳо маҳз ба ривоҷи савдои наздисарҳадӣ, мубодилаи молҳо, рафту омади шаҳрвандон ва дар ниҳояти кор ба беҳдошти зиндагии мардуми Афғонистон равона шудаанд",- қайд кард шукурҷон Зуҳуров дар рафти сӯҳбат.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳои худро дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм давом медиҳад.
Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.