Тоҷикистон Денис Хисамовро ба Русия пас дод

© МВД РТАрестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото
Арестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Русия Денис Хисамов, ки бо гузарномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафтаву ба "Давлати исломӣ" пайваста буд, ба Русия истирдод шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Корманди пешини Ситоди кулли Вазорати дифоъи Русия, ки дар Сурия ба ДОИШ пайваста буд, ба Русия истирдод шуд, гуфт сардори дафтари иттилоърасонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

"Тоҷикистон пас аз як моҳ бозҷӯӣ шаҳрванди Русия Денис Хисамовро ба он кишвар пас дод. Вай дар Туркия боздошт ва ба далели доштани гузарномаи сохтаи Тоҷикистон, ба Тоҷикистон истирдод шуда буд", — тавзеҳ додааст сухангӯи ВУД ҶТ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ин шаҳрванди Русия 23 октябр хабар дода ва ӯро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" карда буд.

Арестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ дастгир кардааст

Бино ба иттилоъи Дафтари матбуотии ВУД ҶТ, Хисамов Денис Франгизович ном шаҳванди Русия, ки 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодар зода шудаву дорои маълумоти олӣ, номзади улуми техникӣ ва капитани Вазорати дифоъи Русия будааст. 

Гуфта мешуд, ки Денис Хисамов бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафтаву ба "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат кардааст.

Вай моҳи апрели соли 2017 ба Туркия рафтааст то аз онҷо барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Русия биравад. Нерӯҳои амниятии Туркия ӯро боздошт карда ва ба далели доштани шиносномаи сохтаи Тоҷикистон, ӯро ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор кардаанд.

Аммо дар вокуниш ба ин хабар сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ҳеч иттилоъе дар бораи шаҳрванди Русия дарёфт накарда, ки гӯё узви гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" бошад.

"Сафорат на аз каналҳои расмӣ ва на аз каналҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъеро дарёфт накардааст", — гуфта буд Олег Жуков, муовини консули сафорати Русия дар Душанбе ба хабаргузории "РИА Новости".

Лентаи хабарҳо
0