ВКД Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ дастгир кардааст

© МВД РТАрестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото
Арестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Русия хабар дода, ки муттаҳам ба ҳамдастӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъи Дафтари матбуотии ВУД ҶТ, Хисамов Денис Франгизович ном шаҳванди Русия, ки 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодар зода шудаву дорои маълумоти олӣ, номзади улуми техникӣ ва капитани Вазорати дифоъи Русия будааст. 

Гуфта мешавад, ки Денис Хисамов бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафтаву ба "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат кардааст.

Вай моҳи апрели соли 2017 ба Туркия рафтааст то аз онҷо барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Русия биравад. Нерӯҳои амниятии Туркия ӯро боздошт карда ва ба далели доштани шиносномаи сохтаи Тоҷикистон, ӯро ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин қазияро бозҷӯӣ дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0