ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтхар Хёфер-Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар — Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония Ҳейти Маймес, Канада Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили Родриго Хосе Нйето Матурана эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
"Роҳбари кишвар зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд",- омадааст дар гузориши манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ васеъ гардонад.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Руминия, Ҷумҳурии Эстония, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Чили андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон баъди шиносоии наздик бо шароити кишвари мо, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
Эътимоднома-ҳуҷҷати расмиест, ки намояндагии давлатӣ таъйин шудани касеро тасдиқ мекунад.