Пириву роҳзанӣ: пирмарде бо ду навҷавон як шаҳрванди Чинро ғорат карданд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ як пирамард ва ду навҷавонро ба ҷурми роҳзанӣ дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД Тоҷикистон, кормандони нерӯҳои интизомӣ лдар ноҳияи Рӯдакӣ дар паи амалиёти бозҷуст наврасе 15-сола, навҷавоне 17-сола ва марде 60-соларо ба иттиҳоми роҳзанӣ дастгир кардаад.

"Як навҷавони 15-сола, як навҷавонӣ 17-сола, ки пештар ҳам барои судури ҷурми пешбинишуда бо моддаи 244 Қонуни ҷиноии ҶТ зиндонӣ шуда будааст, ва як пирмарди 60-сола, ки ҳар се аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, дар паи амалиёти бозҷӯӣ дастгир шуданд", — гуфта мешавад дар хабари ВКД ҶТ.

Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
ВУД хабар медиҳад: зани хуҷандӣ бо "печка"-и барқӣ марди 58-соларо кушт

Гуфта мешавад, ки ин дастгиршудагон бо Хисрав ном касе, ки бозҷӯён ҳувияташро шиносоӣ накардаанд, ҳамдаст шуда шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 01:00, ба қасди роҳзанӣ ба манзили маскунии шаҳрванди 50-солаи Чин дар шаҳри Душанбе ворид шудаанд.

Дар ин манзил онҳо марди 47-солаеро, ки дар кӯчаи Навоӣ зиндагӣ дорад, бо табар ва корд задаву захмӣ кардаанд. Сипас дари говсандуқ ё сейфро бо табар шикаста, дар дохилаш пулу моле пайдо накарда, аз маҳалли табаҳкорӣ ғайб задаанд.

Амалиёти бозҷӯӣ барои ошкорсозии ҳувият ва дастгир кардани Хисрав идома дорад. Милиса барои пайгирии ин қазия парванда оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0