ВУД хабар медиҳад: зани хуҷандӣ бо "печка"-и барқӣ марди 58-соларо кушт

© Flickr \ Kiran FosterСвязанные руки
Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан дар пайи ҷанҷол бамиёномада марди 58-соларо ду маротиба бо таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ задааст. Дар натиҷа мард ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 18  ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд зани 49-солае мардеро бо "печка"-и барқӣ ба ҳалокат куштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони пулис дар шаҳри Хуҷанд ин занро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳодиса шаби 15-ум ба 16-уми ноябри соли ҷорӣ рух додааст.

"Номбурда бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон муноқиша мекунад. Дар ҳамин ҳолат зан таҷҳизоти барқиро гирифта ду маротиба ба сари мард мезанад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

ВУД меафзояд, пас аз ин ҳодиса зан аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад ва мард аз ҷароҳати бардоштааш вафот мекунад.

Бо ин далел тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0