ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург чанд ношиносе худро кормандони пулис вонамуд карда як шаҳрванди Тоҷикистонро дар худравашон савор кардаву рабудаанд.
Ба гузориши хабаргузории "Фонтанка", як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон 18 ноябр ба пулиси шаҳри Санкт-Петербург хабар додааст, ки афроди номаълуме худро корманди пулис муаррифӣ карда, бародари 41-солаи ӯро рабудаанд.
Ин шаҳрванд гуфта, ки одамрубоён пеш аз он ки бародарашро ба худрави "Дэу Нексия" савор кунанд, гувоҳиномаи хидматӣ ба ӯ нишон додаанд. Пулиси Петербург маълум карда, ки он худрав аз они як шаҳрванди 28-солаи ҳамин шаҳр буда, вале гуфта, ки ӯ корманди пулис нест.
Пулис ин шаҳрванди рабудашудаи Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад.