ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ин муҳоҷирон муттаҳам ба ғорати бунгоҳи ҷамъоварии оҳанпора ва 10 маврид ҳамла ба коргарони сохтмон ва ғорати корафзорҳои сохтмонсозӣ шудаанд.
"Ин гурӯҳ 13 ноябр ба бунгоҳи ҷамъоварии оҳанпора ҳамла карда ва говсандуқ ё сейфашро бо 460 ҳазор рубл дуздидааст", — гузориш медиҳад расонаи петербургии "Фонтанка".
Саркардаи ин гурӯҳи ғоратгар як чечении 30-сола будааст. Муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҷавононе аз 19 то 26-сола ҳастанд.
Чанде пеш дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург "Пулково" ҳам муҳоҷиреро ба ҷурми дуздӣ боздошт карда буданд.
Ин муҳоҷири 20-соларо азбоздоштгоҳ ба фурудгоҳ оварда буданд то ба кишвараш ихроҷ кунанд. Вале ӯ ҳангоми гузаштан аз утоқи бозрасӣ анбонеро, ки соҳибаш ҷо гузошта буд, бардоштаву бурдааст. Ӯро дар ҳамон утоқ дастгир кардаву дубора боздоштгоҳ бурдаанд.