ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 16 ноябр бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ ва Консулгарии генералӣ дар Дубай ҷашнҳои Рӯзи Раисҷумҳур ва 25 солагии Иҷлосия XVI Шӯрои Олӣ таҷлил шуданд.
Барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими АМА дар боғи Ал Мамзари аморати Дубай баргузор гардид.
"Ҷамъомадагонро роҳбарияти сафорат ва Консулгарии генералӣ ба муносибати ин ҷашнҳои миллии дорои аҳамияти таърихӣ муборакбод намуд, ҳамчунон барои ҳозирин дастархони хӯрокҳои миллӣ ороста шуд", — омадааст дар хабарнома.
Дар охир бахшида ба ин санаҳои ҷашнӣ бо иштироки ҳамватанони муқими Аморот мусобиқаи волейбол сурат гирифт.
Пештар хабар дода шуд, ки дар пойтахти Русия аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар чорабинии бошукӯҳе бо ширкати равшанфикрон, шоирону нависандагон ва тоҷикони муқими Маскав баргузор шуд.