ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, дар оғози ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон, нахуст Абдураҳмон Аламшозода омадани ҳайъати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Узбакистони ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
"Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии мо ба густариши муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, махсусан бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем", — гуфт Аламшозода.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар навбати худ Даврон Назармухамедов миннатдории худро ба аазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода баён дошт, ки барои баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии вазоратҳои ҳарду кишвари ҳамсоя чунин шароитро муҳайё сохтааст.
Ин мулоқоти дуюми ҳайъатҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон буда, вохӯрии аввала дар кишвари ҳамсоя доир гардида буд.
Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Узбекистон генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшозода ва генерал-майор Назармухамедов Даврон аз натиҷаи ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон Протокол ба имзо расонида шуд.