ВКХ Узбакистон: равобит бо Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин замон рӯ ба беҳбуд ниҳод

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкПограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото
Пограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо намояндагони Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дидору гуфтугӯ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Узбакистон хабар медиҳад, ки сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Тошканд Содиқ Имомӣ бо намояндагони ин вазорат масоили рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаст.

"Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба таври назаррас рушд ёфта, ҳоло дигар ҷанбаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ мегардад", — гуфта мешавад дар хабар.

Автомобиль Amarok, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон дар соли 2019 сохти худрави "Volkswagen Amarok"-ро оғоз мекунад

Аз ҷумла ҷонибҳо дидори ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ қардаанд, ки қарор аст дар наздиктарин замон масоили марзии ду кишварро баҳсу баррасӣ кунад.

"Ҳайъати Тоҷикистон ва Узбакистон дубора аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ хоҳанд кард", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУХ Узбакистон.

Пештар хабар дода шуд, ки Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдӣ ва миёнминтақаии раёсатҷумҳурии Узбакистон сафари расмии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро омода мекунад.

Лентаи хабарҳо
0