Эмомалӣ Раҳмон: "бархе аз зиёиён мавқеъи шаҳрвандии худро муайян карда натавонистанд"

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ҳаангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ як қисми зиёиён ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа мавқеи шаҳрвандии худро муайян карда натавониста аз уҳдаи иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар назди ҷомеа набаромаданд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 25 — умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ суханронӣ кард.

"Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд", — гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

Роҷеъ ба мақом ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман борҳо изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид карда будам, ки маҳз ҳамин иҷлосия боис гардид, ки як силсила масъалаҳои ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд.

Иҷлосия дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид.

Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд.

Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд.

Пешвози Беҳрӯз Хоҷазода дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Хоҷазода: вақте, ки дастамро лат доданд, қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон пеши назарам омад

Яъне дар кишвар ба ҷои қонун беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.

Дар як муддати начандон тӯлонӣ аз муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, вакилони халқ ва зиёиёни маъруф сар карда, даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расиданд.

Тамоми шохаҳои ҳокимият — аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд.

Як қисми зиёиён ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа мавқеи шаҳрвандии худро муайян карда натавонистанд ва аз уҳдаи иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар назди ҷомеа, бахусус, дар назди ҷавонони бетаҷриба набаромаданд.

Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро мамлакат дар чунин вазъи мураккаби сиёсиву ҷамъиятӣ амалан бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Дар як сол ду Президент ва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо рафтанд, ки ин нишонаи олии беқонуниву беназмӣ буд.

Ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки ин ҷанги таҳмилӣ чӣ оқибат дошт: зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Бар замми ин, ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ вайрон гардиданд, мактабу шифохонаҳо сӯхтанд ва роҳу пулҳои зиёд харобу валангор шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Мустафо Ҳасанзода: Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид

Зиёни моддиро ҳисобу китоб кардан мумкин аст, вале хисороти маънавие, ки мардум, махсусан, ҷавонону наврасону кӯдакон аз сар гузаронданд, аз андозаи ақли одамӣ берун мебошад.

Бо дарназардошти чунин вазъи фоҷиабор ва ба хотири наҷоти давлату миллат як гурӯҳ вакилони мардумӣ ва намояндагони қувваҳои огоҳи ҷомеа, ки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатамонро дарк карда буданд, масъалаи ҳарчи зудтар даъват намудани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олиро ба миён гузоштанд.

Воқеан, дар он вазъияти мураккабу хавфнок ягона роҳи баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ буд.

Зеро дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

Бинобар он, ки дар шаҳри Душанбе — пойтахти кишвар таъмини амнияти доир намудани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ғайриимкон буд, ин чорабинии муҳим дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар ба ҳисоб мерафт, даъват гардид ва дар ҳамин ҷо аввалин иқдомот доир ба барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ оғоз шуданд.

Оғози кори иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон  аз фаъолияти ҷасуронаву ватанпарастонаи вакилони интихобкардаи худ буд, ки масъулияти вазнини баргузории онро ба уҳда гирифта буданд.

Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳаммияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд.

Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд.

Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Ҳангоми интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бисёр хатарнок хуб эҳсос ва дарк мекардам, ки масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ — гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба дӯш мегирам.

Лентаи хабарҳо
0