Хоҷазода: вақте, ки дастамро лат доданд, қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон пеши назарам омад

Обуна шудан
Қаҳрамони самбои тоҷик мегӯяд, вақте ки дар сабқати ҷаҳонӣ ҳарифаш дасташро лат дода, бо тамоми қуввааш дардро тоқат кардааст ва пеш аз ҳама пеши назар қаҳрамониву мардонагии раисҷумҳури Тоҷикистонро овардааст

ДУШАНБЕ, 16 ноя- Sputnik. Ҷавонпаҳлавони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода дар паёме, ки дар сафҳаи фейсбукиаш мунташир кардааст, аз ҳаводорону устодонаш ва Ҳукумати Тоҷикистон сипосгузорӣ кардааст.

Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз дар ин паём навишта, ки аз 11-солагӣ ба варзиш машғул асту пас аз 11 соли тамрину талошҳо пирӯзӣ барояш бисёр фараҳбахш буд.

"Аммо муҳимтар аз ҳама бароям бар афроштани парчами Тоҷикистон дар паи қаҳрамонӣ буд", — гуфтааст ӯ.

Хоҷазода меафзояд, ҳангоме, ки рақибаш дасташро лат дод, дарди ҷонкоҳеро эҳсос мекард, аммо шикебоӣ карду пирӯз шуд.

"Он варзишгари ботаҷрибаву тануманд тавонист муддати беш аз 30 сония дастамро лат дода, дарди ҷонкоҳеро бар ман расонад. Дар он лаҳза, пеш аз ҳама ба назари ман мардонагӣ, ҷасурӣ, қудратмандӣ, қаҳрамонӣ, ҷахду талош ва ҷоннисориҳои сарвари миллату давлат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон омаданд, ки ҷони худро чандин маротиба дар дохил ва хоричи кишвар зери хавфу хатар гузошта, барои пойдории давлат, якпорчагии он, баланд бардоштани обрӯю эътибори он, осудаҳолии мардум ҷонбозиҳо кардаанд", — навиштааст вай.

Дар поён Беҳрӯз Хоҷазода аз ҳаводорону ҳаммеҳанонаш сипосгузорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0