Кормандони қудратии Узбакистон ба Қалъаи Ҳисор рафтанд

© Фото : Аз равобити умумии ВКД Кормандони мақомоти қудравии Узбакистон дар Қалъаи Ҳисор
Кормандони мақомоти қудравии Узбакистон дар Қалъаи Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Узбакистон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, дар идомаи боздиди ҳайъати Вазорати корҳои дохилии Узбакистон аз Тоҷикистон, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвари мо, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз дидан намуда, бо санъати меъморию наққошии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

"Зимни боздиди онҳо аз Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт ҳайатҳои ҳарду ҷониб аз мавзеи муҷассамаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар маркази ин боғ хеле зебо сохта шудааст, дидан намуда, болои оромгоҳи ӯ дуои хайр хонданд", — омадааст дар хабарнома.

Дидори ҳайъати Тоҷикистону Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Гуфтугӯи мақомоти қудратии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе

Ба гузориши манбаъ ҳангоми  боздид аз Кохи Наврӯз, ки макони баргузории бисёр ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ мебошад, диққати меҳмононро нақшу нигор ва кандакориҳои миллии тоҷикона ба худ ҷалб намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи боздиди худ аз Тоҷикистон, ҳайати Вазорати корҳои дохилии Узбакистон бо сарварии муовини якуми вазир генерал-майор Назармухамедов Даврон ҳамчунин аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дидан намуда, бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздик шинос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0