Мушаки нави "Искандар-М" дар Тоҷикистон ба ҳадаф расид

Обуна шудан
Мушаки баллистикӣ дар марзи Тоҷикитону Афғонистон дар масофаи 130 км ба ҳадаф расид

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.  Навъи ҷадиди мушак аз оилаи "Искандар-М" дар рафти тамриноти муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон санҷида шуда ба ҳадаф расиду "душмамонро" торумор кард. Дар ин бора равобити умумии Округи марказии ҳарбӣ хабар медиҳад.

"Санҷиши мушак дар ҳарбмайдони Лоҳур гузашт. Мушаки баллистикӣ дар масофаи 130 км-и марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Ҳарбмайдон, бо дақиқӣ  ва ноаёниаш ба ҳадаф расид".

Военные учения Душанбе-Антитеррор - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон се хона аз гулӯлаи танкии нерӯҳои СПАД осеб диданд

Парвозкунандаҳои бесарнишини навъи "Орлан", кори мушакро бо бо хатогии то 10 метр нишон доданд.

Дар ин размоиш, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон давом дорад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш рӯзи 20 ноябр дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ба кор бурда хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар ин марҳила сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар" озмоиш карда хоҳад шуд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда хоҳанд шуд.      

Лентаи хабарҳо
0