Дар Хатлон се хона аз гулӯлаи танкии нерӯҳои СПАД осеб диданд

Обуна шудан
Руйдод дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рух додааст. Дар пайи гулӯлаандозӣ аз тонк дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" се хона осеб дидаанд. Хушбахтона, касе куштаву захмӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Нерӯҳои зудвокуниши СПАД дар пайи размоиш дар вилояти Хатлон се хонаро вайрон карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Руйдод дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рух додааст. Дар пайи гулӯлаандозӣ аз тонк дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" се манзил осеб дидаст. Дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи як сокини маҳаллӣ, яке аз гулӯлаҳо ба ҳуҷраи хоби  5 кӯдакаш афтидааст. Ба далели он ки он рӯз барқро хомӯш карда буданд, онҳо дар ошпазхона будаанд. Аммо девор ва фарши ҳуҷра осеб дидааст.

Ҳукумати ноҳия ваъда додааст, хисороти расида ба шаҳрвандонро ҷуброн мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон дар пайи 20 сол дар натиҷаи размоишҳои низомӣ 11 сокини маҳаллӣ кушта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 10 — 20 ноябр размоиши Нерӯҳои зудвокуниши СПАД бо ширкати 5 ҳазор низомӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0