ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Худрави савориву бории "Volkswagen Amarok" дар корхонаи ширкати JV MAN Auto-Uzbekistan дар вилояти Самарқанд сохтусоз хоҳад шуд.
"Ширкатҳои "Узавтопром" ва "Volkswagen" барои сохтусози худрави савориву бории "Volkswagen Amarok" дар Узбакистон қарордод бастаанд. Ин тарҳ дар солҳои 2018 — 2019 иҷроӣ хоҳад шуд", — гуфт яке аз намояндаҳои он ширкат.
Вай афзуд, ин қарордод дар чорчӯби сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Олмон имзо шудааст.
Пикапҳои "Volkswagen Amarok" дар Узбакистон бо равиши CKD (Сomplete knock-down) сохта хоҳанд шуд. Яъне ширкати олмонӣ бастаҳое аз бахшҳои нимаомодашуда аз худравҳоро ба Узбакистон содир мекунад ва онҷо худравҳо аз ин бастаҳо сохта мешаванд. Қарор шуда, ки дар оянда тавлиди ин худравҳо дар Узбакистон бумисозӣ карда мешавад.
Гуфтанист, дар ҷараёни сафари Абдулло Орипов ба Олмон ширкати "Узавтопром" ҳамчунин бо ширкати "MAN Trucks&Bus AG" қарордод баста, ки бино бар он худравҳои борбару худрези "MAN CLA" бо мутури газсӯз ва утубусҳои миёншаҳрии "MAN Lion's Coach" дар Узбакистон сохтусоз карда хоҳанд шуд.
Ширкатҳои "Узавтопром" ва "МAN Nutzfahrzeuge" дар соли 2009 дар Самарқанд ширкати муштараки худравсозии "MAN Auto Uzbekistan"-ро ташкил карда буданд, ки 51 дарсад ах саҳомашро Узбакистон ва 49 дарсадро Олмон дар ихтиёр дорад. Ин корхона солона 5 ҳазор худрави борӣ месозад.