Сарраёсати консулии ВУХ ҶТ вебгоҳи расмиашро ба кор андохт

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вебгоҳи расмии Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр расман ба кор оғоз кард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, ин вебгоҳ дар ростои иҷрои Барномаи миллии татбиқи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 роҳандозӣ шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии ин вебгоҳ "густариши чорчӯб ва равиши электронии хидматрасониҳои давлатӣ, осон ва зудёб кардани пешниҳоду дархост барои корафтодагон ва ниёзмандон ба роҳнамоии консулӣ" гуфта шудааст.

Консультации консульских служб МИД Таджикистана и ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар масоили консулӣ ройзанӣ карданд

Дар ин вебгоҳ ҳама гуна иттилоъот дар бораи хадамоти консулӣ ба се забон (форсии тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ) дарҷ шуда аст.

Вебгоҳи нав бар пояи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, дар он ҳама масъалаҳои марбут ба низомҳои раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, апостилгузорӣ ва таъйиди ҳуҷҷатҳо, тартиби судури гузарномаҳои электронӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар, дигар хидматрасониҳои консулӣ ва ҳамчунин иттлоъот дар бораи низоми раводидии кишварҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0