ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Коршиносони ширкати хадамоти пизишкии International SOS нақшаи барҳамкунишии ҷаҳонро сохтаанд, ки дар он амнтарин ва хатарноктарин кишварҳо барои ҷаҳонгардон нишон дода шудаанд.
Ҳар кишваре дар нақшаи "TRAVEL RISK MAP 2018" вобаста ба мизони амниву хатарнокияш ба ранге нишон дода шудааст. Чунончи, Тоҷикистон дар ин нақша ба ранги сурх нишон дода шуда, ки болотарин мизони хатарнокиро мерасонад. Эҳтимолан, созандагони нақша ҳамсояву ҳаммарз будани Тоҷикистон бо Афғонистонро дар назар гирифтаву онро хатарнок шумурдаанд. Афғонистон дар ин нақша яке аз хатарноктарин кишварҳо дониста шудааст.
Аммо Узбакистон, ки ҳам бо Тоҷикистон ва ҳам бо Афғонистон ҳамсояву ҳаммарз аст, яке аз амнтарин кишварҳо барои гардишгарон шинохта шудааст. Ҳарчанд, бисёре аз гардишгарон, ки аз Тоҷикистон ва Узбакистон дидан кардаанд, дар сафарнавиштаҳояшон ҳамвора Тоҷикистонро амнтару беҳтару меҳмоннавозтар аз Узбакистон донистаанд.
Сурия ва Яман дар баробари Афғонистон аз ноамнтарин кишварҳо шинохта шудаанд, ки далелаш ошкор аст: ин ду кишвар солҳо боз дар оташи ҷанг месӯзанд.
Амнтарин кишварҳо дар ҷаҳон Исландия, Норвегия ва Финландия шинохта шудаанд.
Русия дар ин нақша аз кишварҳое дониста шудааст, ки мизони хатар дар онҳо зуд тағйир меёбад.