Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои санъати обу барқро ба Эрон вогузор мекунад

© Фото : Хадамоти матбуотМузокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат 10.09.2014
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат 10.09.2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори вогузории тарҳҳои тавсеъаи санъати обу барқ ба ширкатҳои паймонкори эронӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавону дониши муҳандисии ширкатҳои эронӣ, бавижа дар санъати обу барқро арзёбӣ карда хостори вогузории тарҳҳои бештаре ба паймонкорони эронӣ шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон выступил на заседании Совета глав стран СНГ в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Вазири эронӣ натоиҷи музокироташ бо раҳбари Тоҷикистонро хуб арзёбӣ кард

Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён — раиси эронии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон, дар ҳошияи дувоздаҳумин нишасти ин Кумисиюн дар шаҳри Душанбе бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати нерӯи Эрон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфта, ки "бо таваҷҷуҳ ба тавону сатҳи болои дониши муҳандисии ширкатҳои эронӣ, бавижа дар санъати обу барқ, тамоюл дорад тарҳҳои бештареро ба паймонкорони эронӣ вогузор кунад".

Вай таъкид карда, ки "бо таваҷҷуҳ ба масъулияти Вазорати нерӯи Эрон дар Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар, ҳама дастурҳои лозимро ба ҳама дастгоҳҳои иҷроии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ содир кардааст".

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба дидораш бо вазири умури хориҷии Эрон умедвор шуда, ки ду кишвар битавонанд сатҳи ҳамкориҳои дусӯяро тавсеъа дода ва ба сатҳи пазируфтание бирасонанд.

Лентаи хабарҳо
0