Вазири эронӣ натоиҷи музокироташ бо раҳбари Тоҷикистонро хуб арзёбӣ кард

Обуна шудан
Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов ва вазири дороӣ Абдусалом Қурбониён дидор кардааст. Вале расонаҳои Тоҷикистон ин дидорҳоро нодида гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон дар поёни дувоздаҳумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонии ду кишвар ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

Ин ёддошти тафоҳумро рӯзи чаҳоршанбе, 15 ноябр вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: "даврони тиллоӣ" дар равобити Тоҷикистону Эрон тоза оғоз меёбад

Ба гузориши хабаргузории эронии "Форс", вазири нерӯи Эрон пас аз имзои ин ёддошти тафоҳум, равобити Эрону Тоҷикистонро равобити хешовандӣ хондаву гуфта, ки Кумисиюни муштарак роҳкоре муассир барои кумак ба ҳамкориҳо дар бахшҳои давлативу хусусии ду кишвар аст.

Ризо Ардакониён бо ишора ба натоиҷи хуби музокироташ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов ва вазири дороии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён умедворӣ карда, ки тавофуқоти суратгирифта ҳарчӣ зудтар амалӣ шавад ва бархе масоили боқимондаи молӣ байни ду кишвар дар тарҳҳои мухталиф ва бавижа дар мавриди бонкҳои эронӣ дар зудтарин замони мумкин рафъ шавад.

Открытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Эрон роҳҳои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ доранд

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон низ аз баргузории муваффақи нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон хушнудӣ кардау гуфта, ки натоиҷи ин нишаст ба пешрафту тавсеаи ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон кумак хоҳад кард.

Баргузории дувоздаҳумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар сафари ҳаштуми ноябри Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон матраҳ ва дар бораи он тавофуқ шуда буд.

Вале расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дидору гуфтугӯҳои вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов ва вазири дороӣ Абдусалом Қурбониён ҳеч иттилоъе мунташир накарда ва ин сафарро нодида гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0