Арӯсии иҷборӣ: донишҷӯ нахост арӯс шаваду худкушӣ кард

© SputnikТаджикский национальный университет. Архивное фото
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамдонишгоҳиёнаш бар ин боваранд, ки ин донишҷӯдухтар нахоста ҳамсари ҷавоне шавад, ки падару модараш номзадаш карда буданд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Донишҷӯи соли дувуми донишкадаи зистшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоҳирамоҳ Холбоева худро аз ошёни чаҳорум поин андохта худкушӣ кардааст, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА". 

Яке аз ҳамдонишгоҳиёнаш гуфта, ки ин донишҷӯдухтар нахоста ҳамсари ҷавоне шавад, ки падару модараш номзадаш карда буданд.

Мост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як зани суғдӣ дар рӯзи иди Рамазон худкушӣ кард

Ин донишҷӯён гуфтаанд, ки Зоҳирамоҳ хуб таҳсил мекард ва узви дастаи ҳаваскорони донишгоҳ низ буд.

Зоҳирамоҳ Холбоева аз шаҳри Истаравшан буда ва ӯро 11 ноябр дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин қазияро бозҷӯӣ дорад, вале то кунун шарҳу тавзеҳе дар ин бора мунтариш накардааст.

Чанде пеш аз ин Тоҳир Ҳабибов ном ҷавоне, ки дар яке аз воҳидҳои Вазорати дифоъ дар Кӯлоб сарбозӣ мекард, бо истифода аз силоҳи "Калашников" худкушӣ карда буд.

Додситонии низомии Тоҷикистон барои бозҷӯии шароити ин худкушӣ парванда оғоз карда ва коргурӯҳи бозҷуст ташкил карда буд.

Бино ба додаҳои коргурӯҳи бозҷуст, ин сарбоз пеш аз худкушӣ бо духтари дӯстдоштааш телефонӣ гуфтугӯ кардаву донидааст, ки вай дигар касро шавҳар мекунад. Ҳамин шикаст ангезаи худкушии Ҳабибов шудааст.

Ҳамхидматонаш гуфтаанд, ки Тоҳир бо онҳо муносибати нек дошт ва ҳама дастурҳоу фармондеҳонро бе каму кост иҷро мекард.

Аммо хешовандони Тоҳир ин фарзияро радд карда буданд ва гуфтанд ӯ ҳеч дӯстдухтаре надошта, ки аз барояш худкушӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0