Як зани суғдӣ дар рӯзи иди Рамазон худкушӣ кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМост, архивное фото
Мост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зане рӯзи 26 июн аз пули хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё андохт

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд аз худкушии як зани 39-сола дар рӯзи иди Рамазаон хабар медиҳад.

Бино бар гузориши манбаъ, рӯзи 26-уми июн як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи пули хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё андохтааст.

Ҷасади ӯро як рӯз пас аз он кормандони Ситоди умури изтирории шаҳри Хуҷанд аз мавзеъи "Волдадром" ёфтаанд.

Манбаъ меафзояд, далоили ин ҳодиса бозҷӯӣ мешавад.

КҲФ аз шаҳрвандони кишвар дархост карда, ки ҷонашонро дар хатар наандозанд ва аз арзишҳои зиндагии худ ва аҳволи хешовандонашон андеша кунанд.

Лентаи хабарҳо
0