ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дувоздаҳумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон имрӯз дар шаҳри Душанбе корашро оғоз кард.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", ин нишаст ба раёсати вазири энерживу захоири оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён баргузор мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода дар оғози ин нишаст умедвор шуда, ки ин ҷаласа дар ҷиҳати тавсеъа ва густариши равобит миёни Душанбе ва Теҳрон нақши созанда ифо хоҳад кард.
Ризо Ардакониён низ дувоздаҳумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишварро "гоме мусбат дар ростои таҳкими равобити иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ миёни Эрону Тоҷикистон" хонд.
Ин нишаст қарор аст имрӯз то пешин идома дошта бошад.
Гуфтанист, вазири нерӯи Эрон афзун бар ҳузур дар ин нишаст ҳамчунин бо бархе аз мақомоти олии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.