Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ ду раисҷумҳур ширкат карданд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкВид на Бишкек, архивное фото
Вид на Бишкек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ ду раисҷмҳур-раисҷумҳури кунунӣ ва раҳбари тозаинтихобшуда ширкат ва суханронӣ карданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раҳбари нави интихобшудаи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков Стратегияи миллии рушди устувор барои солҳои 2018-2040-ро дастгирӣ кард.

"Иштирокчиёни муҳтарам, имрӯз масъалаи муҳим дар бораи стратегияи миллӣ то соли 2040 баррасӣ мешавад. Суханони Алмосбек Шаршеновичро дар бораи қабули ҳуҷҷати муҳим дар бораи рушди дарозмуддати кишвар, пурра дастгирӣ мекунам", — гуфт Жээнбеков дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди устувор.

Сооронбай Жээнбеков – новый президент Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
Жээнбеков дурнамои ҳамкории Қирғизистон бо Тоҷикистонро чигуна мебинад?

Ба гузориши Sputnik Қирғиизстон, ӯ қайд кардааст, ки пас аз ҷаласаи пешин то имрӯз комёбиҳои назаррас ба даст омадааст-ин меҳнати кулли ҷомеа-шурӯъ аз деҳқонон то раисҷумҳур аст.

Жээнбеков бар ин аст, ки барномаи стратегияи нав, рушди босуботро таъмин мекунад.

"Вазифаи ман-таҳкими дастовардҳо ва рушди инноватсионӣ мебошад", — гуфт Жээнбеков.

Дар баробари ин Жээнбеков пешниҳоди Алмосбекро дар бораи рушди мақоми Шӯрои миллӣ дастгирӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0