Олимони тоҷик Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро дар Покистон ёд карданд

CC BY-SA 4.0 / Wikipedia / Мавзолей Мухаммада Икбала в Лахоре, архивное фото
Мавзолей Мухаммада Икбала в Лахоре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар ҳамоиши бонуфузи илмӣ профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдушукур Абдусаттор ва докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод намояндагӣ карданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Чанде пеш ба истиқболи 140 солагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар шаҳри Исломободи кишвари Покистон ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ин шоир ва мутафаккири барҷаста баргузор гардид, ки дар кори он паҷўҳишгарони бештар аз 20 кишвари олам, аз ҷумла ИМА, Русия, Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Ҳинд, Туркия, Сомалӣ, Мавритания, Афғонистон  ширкат карданд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ, ки муддати се рўз доир шуд, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдушукур Абдусаттор ва докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод намояндагӣ намуданд. Дар маросими ифтитоҳии ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов низ дар қатори дигар намояндагиҳои дипломатии фаъол дар ин кишвар ширкат намуд.

Фазона - народная поэтесса Таджикистанна - Sputnik Тоҷикистон
Шодбош: Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зодрӯзашро таҷлил мекунад

Дар ҳамоиши серўза наздик ба 60 маърўзаи илмӣ шунида шуд, ки ҷанбаҳои мухталифи фикриву ҳунарии ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро фаро гирифтаанд.

Дар суханронии олимони тоҷик масъалаҳои иқболшиносӣ дар Тоҷикистон ва нашри осори ў, инчунин инсони комил аз нигоҳи Султон Боҳу, Бедил ва Иқболи Лоҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи баргузори ҳамоиш барномаи ҳунарии иқболхонӣ, инчунин таҷлили шаби милоди Иқбол ба муносибати рўзи таваллудаш, ки ҳамасола 9 ноябр таҷлил мегардад, доир гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0