ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Имрӯз шоири халқии Тоҷиаистон Фарзона 53 сола шуд. Фарзонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводоронаш муборакбод гуфтанд. Ҳамсари Фарзона- Озарахш мегӯяд, аз субҳ хонаи онҳо пур аз меҳмонон буд. Худи шоираи ҳоло маҳфилеро дар Хуҷанд гарм мекунаду сипас барои ширкат дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи нави Садриддин Айнӣ ба Душанбе меравад.
Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 — юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз бузургони илму адаби на танҳо Хуҷанди бостонӣ буданд, балки дар шумори олимону донишмандони тамоми Осиёи Марказӣ қарор доштанд.
Падари шоира Юнус Хоҷаев омӯзгори таъриху фалсафа буд. Ин марди наҷиб дар сомони кори рӯзгор ва тарбияи фарзандон ҳамто надошт. Бино ба навиштаи Бароат Ҳоҷибоева ӯ бо хушдомани худ, яъне ҳамсари Абдурраҳим Ҳоҷибоев, ки дар хонаи онҳо мезист, муҳаббати фарзандона ва меҳри бузург дошт. Падари Фарзона дӯстдори мусиқӣ буд, адворро хуб медонист ва чанд афзори мусиқиро нағз менавохт.
Фарзона маҳз дар чунин муҳити хонаводагии фарҳангдӯсту фарҳангпарвар ба воя расидааст.
Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) таҳсил менамояд.
Дар такомули шахсияти маънавии Фарзона доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнон Насриддинов нақши созанда доштанд. Шодравон Абдулманнон Насриддинов баробари иродат ба ҳунари нотакрори Фарзона на танҳо аз ихлосмандони шеъру гуфтори ҷонбахшои ӯ, балки аз мубаллиғони хулқу атвори писандида, донишу фазилат, биниши поку маърифат, вусъати мутолиа ва камолоти инсонии шогирди хеш буданд.
Фарзона соли 1985 баъди гирифтани дипломи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров дар оғози фаъолият чанд муддат омӯзгори кафедраи байнифакултавии психологияи донишкадаи ёдшуда буд. Солҳои 1989 — 1993 дар кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба таълими фанни "Назмшиносӣ" ("Вазни арӯз") ба муҳассилини суханшинос иштиғол варзидааст.
Кори эҷодиро Фарзона дар идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" ("Ҳақиқати Ленинобод"-и пешина) оғоз намудааст. Ҳангоми фаъолияти хеш дар шуъбаи адабӣ ва фарҳангии рӯзнома шоир дар нашри намунаи эҷодиёти навқаламони вилоят нақши муассиру созанда гузошта меомад.
Ҳосили ҳамкории Фарзона бо рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд "Тирози ҷаҳон" муҷиби таъсиси саҳифаи пуровозаи "Аржанг"- гардид, ки имрӯзҳо низ ин сафҳаи шеър ҳазорон хонанда дорад ва чеҳраҳои тозаи шеъру адаб аз ҳузуру зуҳури хеш муждагонӣ медиҳанд.
Баъдан Фарзона ҳамчун мушовири бахши назми шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд. Бо ташаббуси шоир рӯзи чоршанбе маҳфили эҷодкорони навпардоз доир мегардид.
Ҳоло ин бонуи фазлу дониш, ҳикмату маърифат, саррофи сухан ва гавҳаршиноси истеъдодҳо муовини раиси Кумитаи вилоятии ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров ва узви ҳайати таҳрири чанд рӯзномаву маҷаллоти бонуфузи кишвар аст.
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон якчанд маҷмӯаи ашъори Фарзона интишор ёфтаанд, аз қабили "Паёми ниёгон" (1996), "Сӯзи нотамом" (2005), "Набзи борон" (2013). Бо алифбои форсӣ маҷмӯаи шеъри Фарзона таҳти унвони "Сояи ғазал" дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи ин суханвари мумтоз соли 1995 ба табъ расидааст.
Фарзона дорандаи унвони олии "Шоири халқии Тоҷикистон" (2001), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995), Ҷоизаи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва ордени "Шараф" (1999) мебошад. Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.