Русия 10 вебгоҳеро мебандад, ки муҳоҷиронро "хонадор" мекарданд

© Sputnik / AlexTikhomirovСвадебные кольца
Свадебные кольца - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин вебгоҳҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ пул гирифта барояшон "ҳамсар" меёфтаанд то бо онҳо қонуншиканона "издивоҷ" карда шаҳрвандии Русияро осон дарёфт кунанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Додситонии Ҷумҳурии Бошқирдистон аз додгоҳ хоста 10 вебгоҳеро бибандад, ки барои муҳоҷирон "ҳамсарёбӣ" мекарданд.

Ин вебгоҳҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ пул гирифта барояшон дар Русия "ҳамсар" меёфтаанд то бо онҳо қонуншиканона "издивоҷ" карда шаҳрвандии Русияро осон дарёфт кунанд.

Ремонт в квартире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Русия занеро аз шавҳари тоҷикаш ҷудо мекунад

Расонаҳои бошқирдӣ хабар медиҳанд, ки додгоҳ ин дархости додситониро пазируфта ва 10 вебгоҳро бастааст. Қарори додгоҳ дар ин бора ба Созмони федеролии бозрасии расонаҳои Русия фиристода хоҳад шуд.

Пештар хабар дода будем, ки додситонии яке аз ноҳияҳои вилояти Воронеж аз додгоҳи ин вилоят дархост карда, ки издивоҷи дурӯғини шаҳрванди Русия ва муҳоҷири тоҷикистониро ботил кунад.

Ба иттилоъи Додситонии вилояти Воронеж, ин зан, ки дар ноҳияи Левобережний дар шаҳри Воронеж зиндагӣ мекардааст, дар соли 2015 бо як шаҳрванди Тоҷикистон қонуншиканона издивоҷ сабт карда то муҳоҷири тоҷик иҷозати иқомати муваққат дар Русияро ба даст оварад.

Додситонӣ ошкор карда, ки ин шавҳару ҳамсар ҳаргиз бо ҳам зиндагӣ накардаанд, равобити заношӯӣ ва хонадории муштарак надоштаанд ва намехостаанд хонавода ташкил кунанд. Аз ин рӯ, онҳоро ба додгоҳ кашида ва аз он дархост карда, ки издивоҷашонро қонуншиканӣ дониста ҷудояшон кунад.

Лентаи хабарҳо
0