ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Додситонии яке аз ноҳияҳои вилояти Воронеж аз додгоҳи ин вилоят дархост карда, ки издивоҷи дурӯғини шаҳрванди Русия ва муҳоҷири тоҷикистониро ботил кунад.
Ба иттилоъи Додситонии вилояти Воронеж, ин зан, ки дар ноҳияи Левобережний дар шаҳри Воронеж зиндагӣ мекардааст, дар соли 2015 бо як шаҳрванди Тоҷикистон қонуншиканона издивоҷ сабт карда то муҳоҷири тоҷик иҷозати иқомати муваққат дар Русияро ба даст оварад.
Муҳоҷири тоҷик ба подоши ин некӣ манзили "ҳамсараш"-ро ройгон таъмир кардааст.
Идораи Созмони федеролии муҳоҷирати Русия дар он вилоят дар соли 2016 ба шаҳрванди Тоҷикистон муҷаввизи иқомати муваққат дода будааст. Вале дертар ошкор шуда, ки ин зану шаҳвар ҳамроҳ зиндагӣ намекардаанд.
Додситонӣ гуфта, ки ин шавҳару ҳамсар ҳаргиз бо ҳам зиндагӣ накардаанд, равобити заношӯӣ ва хонадории муштарак надоштаанд ва намехостаанд хонавода ташкил кунанд.
Аз ин рӯ, онҳоро ба додгоҳ кашида ва аз он дархост карда, ки издивоҷашонро қонуншиканӣ дониста ҷудояшон кунад.