Мудирони китобхонаҳои миллии кишварҳои ЭКО дар Душанбе ҳамоиш мекунанд

© SputnikГород Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека.
Город Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳорумин нишасти мудирони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) 27 - 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ин нишасти тахассусии серӯза пас аз ҳафт сол бо талошу пайгирии Муассисаи фарҳангии ЭКО ва бо ҳамкории Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ба мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо хоҳад шуд.

Посетитель интернет-кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Кӯлоб китобхонаи электронӣ пайдо мешавад

Ба гузориши хабаргузории "Форс", рӯнамоӣ аз китоб ва торнамои Маркази китобхонаҳои ЭКО, суханронӣ ва панелҳои тахассусӣ бо ҳузури устодону мудирони китобхонаҳо ва боздид аз марокизи фарҳангиву адабӣ аз ҷумлаи барномаҳои ин нишаст аст.

Пеш аз ин нишастҳои якум, дувум ва севуми мудирони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО ба тартиб дар шаҳрҳои Теҳрон, Боку ва Анкара баргузор шуда буд.

Муассисаи фарҳангии ЭКО як ниҳоди байналмилалӣ аст, ки афзун бар ҳамкории муштарак миёни кишварҳои узв бо дигар кишварҳо низ дар ҳавзаи фарҳанг, ҳунар, адаб, илм ва пажуҳиш ҳамкорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0