Дар шаҳри Кӯлоб китобхонаи электронӣ пайдо мешавад

© Flickr \ The Next Web / Гузариш ба медиабонкПосетитель интернет-кафе, архивное фото
Посетитель интернет-кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Кӯлоб китобхонаи электронӣ пайдо мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи китобдорони вилоят баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба додаҳои равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишии китобдорони минтақаи Кӯлоб баргузор шуд.

Мутахассисон аз ноҳияҳои гуногуни вилоят дар мавзӯи "Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ ва фаъол намудани китобхонаҳои анъанавӣ" фикру мулоҳизаҳои худро гуфтанд.

"Ташкили китохонаи электронӣ талаботи замон гуфта шуд", — омадааст дар иттилоиъя.

Ин ақида он аз ҷониби маъмурияти Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини Тутинисо Юсупова пешниҳод гардида буд ва мавриди тадқиқу таҳлил иштирокчиён қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0