ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Яке аз ин расонаҳо — хабаргузории "Пажвок" мусоҳибае бо сартипи Нерӯҳои марзбонии Афғонистон Муҳаммадамон Насим ва намояндаи Шурои вилояти Бадахшон Толибиддин Қодирӣ мунташир карда буд, ки дар он марзбонони тоҷик муттаҳам ба куштанни шаҳрвандони Афғонистониро ба баҳонаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир шуда буданд.
"Ин иддиъоҳо, ки гӯё марзбонони тоҷик шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистонро мекушанд то аз давлати Тоҷикистон медолу нишон дарёфт кунанд, бофтаву бепоя ҳастанд", — гуфт дар вокуниш ба ин иттиҳомот саргурд Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон.
Вай дар бораи кушта шудани ду шаҳрванди Афғонистон дар задухӯрде бо марзбонони тоҷик дар қаламрави шаҳристони Ишкошим гуфт, ки онҳо қасд доштанд қонуншиканона аз марз бигзаранд ва гузорашонро се ҳамдастшон бо силоҳ пуштибонӣ мекарданд.
"Марзбонон кӯшиданд марзшиканонро дастгир кунанд, вале қочоқбарон аз каминашон марзбононро тирбоон карданд. Дар посух марзбонҳо низ оташ кушоданд ва дар ин задухӯрд яке аз марзшиканон захмӣ шуд. Дигарон дар торикӣ худро ба қаламрави Афғонистон кашонданд ва аз дидаҳо нопадид шуданд", — тавзеҳ дод Улуғзода.
Вай гуфт, марзбонон аз маҳалли задухӯрд ду халта бо 15 килуграм ҳашиш ёфтаанд.
Бино бар додаҳои марзбонон, ин қочоқбарон шаҳрванди Афғонистон буданд. Яке аз онҳо, ки захмӣ шуда буд, тавониста аз рӯд бигзарад ва дар бемористони Султон Ишкошим бистарӣ шуда, вале аз хунрезӣ онҷо дар гузаштааст. Яке дигарашон, ки падари ин буда, дар рӯд ғарқ шуда ва ҷасдашро дар канораи афғонистонии Панҷ ёфтаанд.
Сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъкид кард, ки то авзоъ дар Афғонистон рӯ ба беҳбуд наорад ва сулҳу субот дар он кишвар нашавад, чунин марзшиканиву задухӯрдҳо поён нахоҳанд ёфт.
Бино ба додаҳои Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, дар 9 моҳи имсол беш аз 300 марзшикан дар марз бо Афғонистон боздошт шудааст.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин муддат 61 амалиёт барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ дар марзҳо анҷом додаанд.
Чунончи, дар ин муддат 26 мавриди бархӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни мусаллаҳ низ рух дода, ки дар натиҷа 13 тан аз қочоқчиён кушта ва 19 тан аз онҳо боздошт шудаанд.
Ҳамчунин аз қочоқчиён 1314 килуграм маводи мухаддир ёфтаву ситонда шудааст.