Раҳимзода: созмонҳои теруристӣ аз суди қочоқи маводи мухаддир сармоягузорӣ мешаванд

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Рахимзода, архивное фото
Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурӣ дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалинҳоест, ки ба мушкилоти тероризму экстримизм дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода суханронияш дар 86-умин Маҷмаъи умумии Интерпол гуфт, ҳеч кишваре дар ҷаҳон аз амалиёти теруристӣ дар амон нест.

Далели ин гуфтаҳоро ӯ ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар Олмон, ИМА, Бритониё, Фаронса, Итолиё, Испониё, Туркия ва Русия гуфт.

"Ҳар як ҳодисаву воқеае, ки имрӯзҳо дар Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва дигар кишварҳо рух медиҳанд, мисоли равшани огоҳӣ барои ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамоҳангӣ, иттиҳод ва муборизаи дастаҷамъонаи моро бо ин душмани ҳамагонӣ тақозо мекунад", — таъкид кард вай.

Ба гуфтаи Раҳимзода, Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи миллии муқовимат бо ифротгароӣ ва теруризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амалии онро қабул кард.

Встреча министра МВД Таджикистана с генеральным секретарём Интерпол - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузорем: Раҳимзода дабири кулли Интерполро ба Тоҷикистон даъват кард

Вай ҳамчунин афзуд,  Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо дар миёни ҷумҳуриҳои пешини шуравӣ аст, ки бо мушкилоти теруризм ва экстремизм дучор шуда аст. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз кишварҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд.

"Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро ба кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем",- гуфт вай.

Дар идомаи суханронӣ Раҳимзода дар мавзуъи қочоқи маводи мухаддир ва сармоягузорӣ шудани созмонҳои теруристӣ аз суди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ёд кард.

Дар поёни суханронӣ вазири умури дохилии ҶТ пешниҳодҳои худро ироа кард.

Лентаи хабарҳо
0