Маҷлиси Тоҷикистон ба Хуҷанд мекӯчад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДворец культуры "Арбоб" имени С. Урунходжаева в городе Худжанд, архивное фото
Дворец культуры Арбоб имени С. Урунходжаева в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи 63 узви Маҷлиси намояндагон рӯзи 17-уми ноябр ба шаҳри Хуҷанд мераванд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои як рӯз ба шаҳри Хуҷанд мекӯчад, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Ҳамаи 63 аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр ба Хуҷанд мераванд.

Манбаъ меафзояд, шоми ин рӯз дар Қасри Арбоб бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад.

Бино бар иттилои расонаҳои тоҷикӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми ноябр ба вилояти Суғд сафар мекунад. Кишвардори Тоҷикистон дар маросимҳои ҷашнӣ ширкат варзида ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарӣ корӣ анҷом хоҳад дод.

Озода Эмомали. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон: Эмомалӣ Раҳмон тавонист оташи ҷангро фурӯ нишонад ва кишварро обод созад

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин иҷлосия ҳукмронии президентӣ ба ҳокимияти парлумонӣ иваз шуда, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари парлумон ва мутаносибан Сарвари давлат интихоб шуд.

Ин ва дигар қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда бо бӯсидани Парчами миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, аз ҷумла аз тарафи фармондеҳони саҳроии ҳарду ҷониб тасдиқ шуд, ки қонунӣ будани қарорҳоро таъмин кард.

Баъди ин даргириҳо боз чор соли дигар тӯл кашиданд, вале қонунӣ будани қарорҳои дар Қасри Арбоб қабулшуда ҳеҷ гоҳ аз ҷониби мухолифин боиси шубҳа нагардид.

Лентаи хабарҳо
0