ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Академияи илмҳои ҶТ хабар дод, ки бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шурои олии ҶТ китоберо мунташир кардааст, ки дар он мақолаҳои сиёсатмадорону донишмандони тоҷик оварда шудааст.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ- президенти АИ ҶТ, муаллифони мақола аз таърихи иҷлосия ва нақши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субти кишвар гуфтаанд.
Дар ҳамин китоб мақолаи раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон низ дарҷ гардидаст. Духтари раисҷумҳур дар навиштаҳои худ 25 соли баргузории Иҷлосияро марҳилаи худшиносиву ободонӣ хондааст.
"Муддати 25 сол, ки аз баргузории ин Иҷлосия мегузарад, барои таърих фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо барои кишвари навҷавони мо марҳилаи худшиносӣ, ҳувият, ободонӣ ва фарҳангсозӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳамчунин метавон фурсати муносиби муаррифии тоҷикон дар арсаи олам ном бурд",- навиштааст роҳбари дастгоҳи раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Озода Раҳмон, маҳз ҳамин иҷлосия масъулияти кишвардориро ба Эмомалӣ Раҳмон додаву пасон оташи ҷанг фурӯ рафта.
"Маҳз ҳамин Иҷлосия масъулияти гарони сарварии кишварро ба фарзанди асил ва фарзонаи миллат-Эмомалӣ Раҳмон дод, ки ӯ тавонист оташи ҷанги дохилиро дар кишвар фурӯ нишонда, Тоҷикистонро ба давлати ободу шукуфону озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона табдил диҳад",- навиштааст духтари раисҷумҳур.
Ҳамчунин дар китоб андешаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Фарҳод Раҳимӣ ва доктори улуми таърих Абдуфаттоҳ Шарифзода гирд оварда шудааст.
Пештар, Духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон дар паёме видюӣ 65-умин солгарди зодрӯзро ба падараш Эмомалӣ Раҳмон табрику шодбош гуфта барояш обрӯву нуфузи ҷовидона орзӯ карда буд.