ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бозрасҳои шуъбаи ВУД ҶТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудаанд.
Ба гузориши хадамоти матбуотии Ожонси мубориза бо фасод, ин ду корманди милиса ҳангоми ситондани ришва дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар табаҳкорӣ ҳамдаст шуда аз шаҳрванд "А" барои бастани парвандае, ки нисбаташ аз рӯи моддаи 244 қисми 2 банди "в" Қонуни ҷиноии ҶТ оғоз шуда буда, 8 ҳазор сомонӣ ришва хостаанд.
Кормандони бахши хатлонии Ожонс дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ Абдусамад Розиқовро 28 октябр ҳангоми ситондани 5 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд "А" дастгир кардаанд.
Ожонс барои бозҷӯии ин қазия нисбати Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов аз рӯи моддаи 319 қисми 4 банди "б" ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ин Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти ду корманди дафтари Интерпол дар шаҳри Душанбе — сарҳанг Аҳлиддин Камолов, мудири Идораи пайгарди байналмилалӣ ва саргурд Ҷовид Ваҳҳобов, корманди аршади идораи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон — ба иттиҳоми ришваситонӣ иттилоъ дода буд.
Ин нахустин маврид аз боздошти кормандони дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон аз замони таъсиси намояндагии ин ниҳод дар ин кишвар буд.