ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Ожонси мубориза бо фасод, ин боздоштшудагон подполковник Аҳлиддин Камолов, мудири Идораи пайгарди байналмилалӣ ва майор Ҷовид Ваҳҳобов, корманди аршади идораи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон ҳаастанд.
Бино бар ин гузориш, пулиси ҷумҳурии Бошқиристон аз дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон дархости ҳамкорӣ барои гирифтани шаҳодати ду шаҳрванди ҶТ дар иртибот бо як қазияи қатл дар Русияро карда буд, аммо ин ду корманди Интерпол бо ҳадафи дарёфти ришва аз шоҳидон, ки қарор буд дар Русия бозҷӯӣ шаванд, онҳоро таҳти фишор қарор доданд.
Кормандони қонуншикан ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбур карда буданд ба манзури муаррифии онон ба унвони шоҳиди қазияи қатле дар Бошқиристон, ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ ба онҳо ришва пардохт кунанд.
Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам бо пардохти сеяки ин маблағ ба ин ду корманди дафтари Пулиси байналмилал дар шаҳри Душанбе, аз онҳо ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят бурданд. Пас аз ин, Аҳлиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳҳобов ҳангоми дарёфти бақияи маблағ боздошт шудаанд.
Ин нахустин маврид аз боздошти кормандони дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон аз замони таъсиси намояндагии ин ниҳод дар ин кишвар аст.