ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 13-14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад.
Дар баъзе аз манотиқи вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мекунанд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.