Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрохожие, архивное фото
Прохожие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз ҳаштуми ноябр ва дар аксари манотиқи Тоҷикистон ҳавои абрнок ва бориши борон пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 8 ноябр, дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шамолак мевазад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона —1+4 ва рӯзона 15-20 дараҷа, дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Ба гузориши созмони обуҳавошиносӣ, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0