"Шаҳнавоз" 24 соат созу овоз пахш хоҳад кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкРабота телеканала, архивное фото
Работа телеканала, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии "Шаҳнавоз" оғоз ба кор кард, ки 24 соат созу овоз пахш хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Шабакаи телевизионии мусиқии "Шаҳнавоз"-ро Кумитаи  телевизиону радио дар Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА".

Президенрти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ телевизиони “Футбол”-ро ба кор даровард

Бино бар ин гузориш, маросими роҳандозии шабакаи "Шаҳнавоз" бо ширкати ёвари раисҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радио Муҳаммадсаид Шоҳиён баргузор шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии ин шабака "таблиғ ва рушди ҳунари мусиқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳунармандону овозхонони тоҷик" гуфта шудааст.

Шабакаи "Шаҳнавоз" дар заминаи "Телевизиони  Тоҷикистон" таъсис ёфта ва дар канали ҷудогонае 24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ пахш хоҳад кард.

Раҳбарии ин шабака ба дӯши сарвиростори барномаҳои "Субҳ" дар "Телевизиони Тоҷикистон" Манучеҳр Ализода вогузор шудааст.

 "Шаҳнавоз" дар канори шабакаҳои "Телевизиони Тоҷикистон", "Сафина", "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон", "Варзиш", "Синамо" ва "Футбол" ҳаштумин  шабакаи телевизионии Тоҷикистон шуд.

Лентаи хабарҳо
0