Душанбе, 22 фев-Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ телевизиони мазкур бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба "Соли ҷавонон" таъсис дода шуд.
Телевизиони "Футбол" ягона муассисаи иттиллоотӣ оид ба футбол дар кишвар буда, ба пуррагӣ бозии футболро дар формати замонавии HD пахш менамояд.
Шабакаи телевизионии "Футбол" шабакаи нӯҳуми телевизионист, ки дар Душанбе амал мекунанд. Аз ин шумор 6 шабака — "Тоҷикистон", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш" ва "Синамо" шабакаҳои миллӣ буда, барномаҳояшон тавассути моҳвора пахш мешавад.
Дар Душанбе ҳамчунин телевизиони шаҳрии "Пойтахт" ва шабакаи мустақили СМТ низ фаъолият доранд.
Телевизиони "Футбол" на танҳо бозиҳои дастаи мунтахаби мамлакат ва Лигаи миллии футбол (Лигаи олӣ ва якум), балки чемпионатҳои кишварҳои Осиё, мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо, бозиҳои Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Серияи "А"-и Италия ва бозиҳои ҷолиби чемпионати кишварҳои дигарро низ пахш мекунад.
Ногуфта намонад, ки Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, худ низ дар солҳои қаблӣ ба футбол шавқ дошт ва ҳамчун ҳамлагар дар мунтхаби милии "Истиқлол" бозӣ мекард.
Бо ибтикори ӯ дар қаламрави гуногуни Тоҷикистон майдонҳои сунъии варзишӣ, бо мақсади тағрибу ташвиқи ин намудаи варзиш миёни наврасон ба истифода дода шуда буданд.