ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазоратҳои умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ баргузор карданд.
Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, ин ройзаниҳо ба роҳбарии сардори Идораи кулли консулии ВУХ ҶТ Баҳром Холназаров ва муовини вазир, сарпарасти Хадамоти консулии ВУХ АМА Аҳмад Саид Алҳам Алзоҳирӣ баргузор шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин машваратҳои консулӣ роҳбарони бахшҳои консулӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои миёнидораӣ дар масоили гардишгарӣ, фарҳангӣ ва мубориза бо одамфурӯшӣ чораандешӣ карданд.