ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дирӯз бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷидин Аслов дидор кардааст.
Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, Аслов ва Абдилдаев дар ин дидор дурнамо ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву ҳуманитарӣ, аломатгузории марз ва таҳкими заминаи қарордодӣ — ҳуқуқии равобит баррасӣ карданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи минтақа низ табодули афкор намуда, бар зарурати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам дар равобити дуҷониба таъкид карданд.