ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, имрӯз мулоқоти вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф баргузор шуд.
"Дар ин дидор вазъ ва дурнамои рушди равобити дуҷониба баррасӣ шуда ва дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бар нақши Кумисюни байниҳукуматии тиҷориву иқтисодӣ дар густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун таъкид намуданд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУХ ҶТ.
Ёдоварӣ мекунем, ки Муҳаммадҷавод Зариф имрӯз субҳ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дидор ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
Дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур гуфта, ки дар ин дидор "ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд".
"Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд", — ёдоварӣ карда дар ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҷавод Зариф ҳамчунин дар масоили амнияти минтақаӣ, мубориза бо теруризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаиву ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.