ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзода ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шудааст.
Ҳамчунон бо қароре дигар Тоҷиддин Ҷӯразода, ки то кунун муовини раиси Кумитаи рушди маҳалл дар Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба вазифаи муовини вазири рушди иқтисоду бозрагонӣ таъйин шудааст.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати ҶТ Бекмурод Ширинбекзода аз симати раҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" озод шуда ва Сураҷ Тоҳирҷонзода ҷойгузинаш шудааст.
Ҳамчунин, бо Амри раисҷумҳури Тоҷикистон Саидҷаъфар Сафаров аз симати муовини аввали мудири "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" озод шудааст.