ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино бар иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳурӣ, бо Фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода — муовини аввали Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ — сардори Сарситоди Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ ва Нурулло Абдуллозода — муовини Фармондеҳи НМ КДАМ ҶТ таъйин гардиданд.
Ҳамчунин бархе аз коршиносони ҷавону корозмуда ба сардории раёсатҳои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва бархе аз подгонҳои марзбонии НМ КДАМ ҶТ мансуб шуданд.
Афзун бар ин, бархе аз коршиносони варзида ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии раёсатҳои КДАМ ҶТ таъйин карда шуданд.
Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар бархе аз ягонҳои Вазорати дифоъ дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин ягонҳои низомиро афсароне ба уҳда гирифтаанд, ки донандаи забонҳои хориҷӣ буда ва беш аз ду омӯзишгоҳи олии низомиро дар дохил ва хориҷ аз кишвар хатм кардаанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Ҳусайнзода аз симати муовини вазири дифоъ озод гардид.