Сангрезиш ва тармафароӣ: тавсияҳои КҲФ барои наҷот аз офатҳои табиъӣ

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои наҷоти шаҳрвандон аз офатҳои табиъӣ тасияномаи вижае навиштааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мардуми Тоҷикистонро ба фасли сармо омода мекунад.

Дар фасли зимистон дар ҷумҳурӣ ба вуқўъ омадани офатҳои табиъӣ  аз эҳтимол дур нест.

Оид ба омода намудани шаҳрвандон барои дуруст рафтор намудан дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои табиъӣ- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсияҳои худро пешниҳод менамояд.

Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз заминҷунбӣ дар Тоҷикистон касе осеб надидааст

"Тибқи таҳлилҳои ҳодисаҳои табиъӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар фасли тирамоҳ-зимистон фаромадани  сангрезиш ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешавад ва дар ин робита Кумита оид ба ин ҳодисаҳои табии ва рафтори дурусти аҳолӣ дар ҳолати рух додани онҳо пешниҳод менамояд"-омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр ин Кумита барномаи вижаеро созмон кардааст, ки аз ҷумла роҳҳои пешгирӣ аз обхезӣ, тармафароӣ, рафтори дуруст ҳангоми сангрезиш, заминҷунбӣ, ярчу лағжиш, роҳи наҷот аз сел ва дигар оқибатҳои табиъиро нишон додааст.

Бо тавсияҳои КҲФ ин ҷо метавонед ошно шавед.

Лентаи хабарҳо
0