ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, санаи 28-уми феврали соли 2017 соати 18:42 дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 296 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, 46 километр дар самти шимолу шарқи шаҳри Хоруғи ВМКБ воқеъ шуд.
Манбаъ меафзояд, ки заминҷунбӣ, қурбонӣ ва хисорот дар пай надошт.
Қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 2-3 балл буд.