ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Хабаргузории ВВС духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмонро дар феҳристи "100 бону: духтарони сарони кишварҳои ҷаҳон" (100 Women: Presidential daughters around the world) шомил кардааст.
Дар ин феҳрист ҳамчунин духтарони кишвардорони Русия, Амрико, Покистон, Туркия, Ангола ва Куба низ шомил шудаанд.
Духтари раисҷумҳури Амрикоро аз он рӯ дар ин феҳрист ҷой додаанд ки президент Трамп барояш дар Кохи Сафед утоқи корӣ додааст.
Озода Раҳмон раҳбари Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар риштаи ҳуқуқшиносӣ низ таҳсил кардааст.
Вай фаъолияти худро соли 2009 оғоз карда ва замоне дар симати муовини вазири умури хориҷаи кишвар низ кор мекард. Ӯ мутааҳил аст ва панҷ фарзанд дорад.
Дар баробари духтари раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин духтари нахуствазири Покистон Марям Навоз Шариф, духтари раисҷумҳури Русия Екатерина Путина, духтари хурдии раисҷумҳури Туркия Сумая Ӯрдуғон, аввалин бонуи милёрдери африкоӣ Изабел душ Сантуш, духтари дувумин раисҷумҳури Ангола ва духтари раҳбари Куба Мариэла Кастро низ дар ин феҳрист шомил шудаанд.